Сиёсати духӯраи Арабистон дар масъалаи занон+видео
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i12715-Сиёсати_духӯраи_Арабистон_дар_масъалаи_занон_видео
Масъулони арабистонӣ барои тағйири чеҳраи худ дар дунё даст ба иқдоме задаанд, ки метавон онро ифротгароӣ ва ё мисоли “афтодан аз сӯи дигари бом” таъбир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 30, 2017 12:57 Asia/Dushanbe

Масъулони арабистонӣ барои тағйири чеҳраи худ дар дунё даст ба иқдоме задаанд, ки метавон онро ифротгароӣ ва ё мисоли “афтодан аз сӯи дигари бом” таъбир кард.

Ба иттилои шабакаи Алъолам, бо вуҷуди сахтгирии ҳокимони Арабистон дар баробари ҳузури занон дар ҷомеаи Саудӣ, нахустин қаҳвахонаи мухталити зану мард дар Риёз ахиран оғоз ба кор карда, ки як духтари беҳиҷоб дар он мусиқӣ иҷро мекунад .

Навозандагии ин зан бидуни ҳиҷоби исломӣ дар ҳолест, ки кор кардани занони арабистонӣ дар ҳар муҳите, ки марде дар он ҳузур дошта бошад, мамнуъ аст ва аъзои ҳайъати мавсум ба "Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар" дар Арабистони Саудӣ, бо ҳузури озодонаи занон дар ҷомеа ба шиддат бархурд мекунанд .

Муфтиёни ваҳҳобӣ, синамо ва консертро ҳаром медонанд ва пешниҳодҳои ахир барои бозгушоии синамоҳо дар ин кишвар бо мухолифати шадиди Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Алшайх, муфтии аъзами Саудӣ рӯ ба рӯ шудааст .

Ронандагии занон низ дар Арабистон ҳамчунон мамнуъ аст ва занон бидуни ҳамроҳии марди маҳрам, ҳаққи мусофират надоранд .