Феврал 01, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Террори дуввумин имоми ҷамоат дар Ербили Ироқ

Яке дигар аз имомони ҷамоат дар Ербил дар шимоли Ироқ террор шуд.

Ба иттилои Ирно, Шевон Қалъа Дезеҳйӣ, узви фраксияи ҷунбиши исломии Курдистони Ироқ имрӯз ба хабарнигорон гуфт: Шайх Мулло Маҳмуд Усмон, имом ҷамоат ва хатиби масҷиди Сулаймон Муҳаммад дар маҳаллаи Сейдоваи Ербил, ҳаволии соати 22:30 дақиқаи сешанбе шаб дар баробари манзилаш ҳадафи гулулаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва ҷон бохт .

Пеш аз ин Мулло Ҳушёр Исмоил, яке дигар аз имомони ҷамоати минтақаи Курдистони Ироқ дар 22 ноябри 2016 террор шуда буд .

Ҳодисаи террори имомони ҷамоат дар Ербил, маркази минтақаи Курдистони Ироқ, нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи амнияти ин минтақа эҷод кардааст, бавижа онки Мулло Маҳмуд Усмон низ ба равиши мушобеҳи Мулло Ҳушёр Исмоил ба қатл расид .

Ҳар ду имоми ҷамоат аз аъзои ҷунбиши исломии Курдистони Ироқ буданд .

Мулло Маҳмуд Усмон, донишҷӯи доктории улуми динӣ дар яке аз донишгоҳҳои Туркия буд .

 

Барчасп