Исобати мушаки баллистики яманиҳо ба ғарби пойтахти Арабистон
(last modified Mon, 06 Feb 2017 07:58:02 GMT )
Феврал 06, 2017 12:58 Asia/Dushanbe
  • Исобати мушаки баллистики яманиҳо ба ғарби пойтахти Арабистон

Як пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Алмазоҳамия дар ғарби Риёз, пойтахти Арабистон, якшанбе шаб ҳадафи як фарванд мушаки баллистики пешрафтаи артиши Яман қарор гирифт.

Ба иттилои шабакаи хабарии Алъолам, ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар баёнияе эълом кард, ин мушак дар вокуниш ба идома ёфтани ҷиноёти режими Саудӣ дар Яман шиллик шуд ва заработи баъдӣ саҳмгинтар хоҳанд буд .

Ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин дар ин баёния, дифоъ аз мардуми мазлуми ин кишварро ҳаққи машруи артиши Ямани дониста ва афзудааст: Ҷиноятҳои режими Оли Сауд дар Яман бо ҳамдастии кишварҳои ғарбӣ ва арабии ҳампаймони ин режим сурат мегирад .

Шаҳрвандони арабистонӣ дар Твиттер аз инфиҷоре бузург дар пойгоҳи минтақаи Алмазоҳамия, ки ҳадафи мушаки баллистики яманӣ қарор гирифта, хабар додаанд .

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва арабии ҳампаймони Риёз, аз марти 2015 таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвари фақирро ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии ин кишвар ба қудрат, оғоз кардааст .

Дар натиҷаи ин ҳамалот токунун беш аз 11 ҳазор яманӣ кушта,  даҳҳо ҳазор нафари дигар захмӣ ва садҳо ҳазор нафар низ овора шудаанд .