Алъибодӣ: Робита бо Эрон барои Ироқ муҳимтар аз робита бо Амрикост
(last modified Wed, 08 Feb 2017 14:43:43 GMT )
Феврал 08, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Алъибодӣ: Робита бо Эрон барои Ироқ муҳимтар аз робита бо Амрикост

Нахуствазири Ироқ равобити кишварашро бо Эрон, муҳимтар аз робита бо қудратҳои бузург аз ҷумла Амрико донист.

Ба иттилои шабакаи хабарии ироқии Алғад Пресс, ҳайдар Алъибодӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Фаронса 24 афзуд: Ироқ бо ҳамсояаш Эрон, тӯлонитарин марзҳоро дорад ва маслиҳат дар ин аст, ки робита бо ҳамсоягон дар авлавият бошад .

Алъибодӣ таъкид кард, Амрико бо ишғоли Ироқ, ин кишварро дар маърази терроризм қарор дод ва ба ҳазорон террорист иҷоза дод, то вориди Ироқ шаванд ва садҳо ҳазор шаҳрванди ироқиро қатли ом кунанд .

Алъибодӣ дар бораи ҳузури низомиёни Туркия дар минтақаи Баъшиқа дар шимоли Ироқ ҳам гуфт: Нерӯҳои ироқӣ ҳамакнун бар урдугоҳи низомии Баъшиқа тасаллути низомӣ доранд ва нерӯҳои Туркия дар он ҳеч нақше надоранд .

Ӯ гуфт, давлати Туркия қавл додааст, то пас аз озодсозии Мусил нерӯҳояшро аз Ироқ хориҷ кунад .

Нахуствазири Ироқ ба авзои иқтисодии кишвараш ҳам ишора карду гуфт, бо вуҷуди коҳиши қиммати ҷаҳонии нафт, давлати Ироқ тавонист буҳрони молиро бо сиёсати коҳиши ҳазинаҳо ва мубориза бо фасод пушти сар бигузорад .