Феврал 16, 2017 16:12 Asia/Dushanbe
  • Оғози сеюмин даври музокироти сулҳи Сурия дар Остона

Шабакаи “ал-Олам” аз оғози нишастҳои дуҷониба дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон дар бораи Сурия хабар дод.

Шабакаи “ал-Олам” эълом кард, нишастҳои дуҷониба байни ҳама ҳайатҳои ширкаткунанда дар Остона рӯзи панҷшанбе оғоз шудааст ва эҳтимолан нишастҳои сеҷонибае низ баргузор хоҳад шуд.

Пештар раиси бахши Осиёи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон низ гуфта буд, ҳама ҳайатҳо барои ширкат дар нишасти Остона вориди ин кишвар шудаанд ва Туркия дар сатҳи поинтаре дар ин даври музокирот ҳузур ёфтааст. 

Сеюмин даври музокироти сулҳи Сурия, ки қарор буд, рӯзи чаҳоршанбе дар Остонаи Қазоқистон оғоз шавад, ба далели ҳузур наёфтани ҳайати мухолифони мусаллаҳ ва ҳайати Туркия то рӯзи панҷшанбе ба таъхир гузошта шуд.

Музокироти Сурия дар Остона бо ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва бо ҳамкории Туркия бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

 

Барчасп