Аҳдофи Туркия дар Сурия аз нигоҳи Эрдуғон
Давлати Туркия ҳамчунон дар паи аҳдофи ишғолгарона дар Сурия аст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар гуфтугӯ бо шабакаи Алъарабия гуфт, ҳадафи баъдии артиши Туркия контроли шаҳри Манбиҷ аст ва пас аз контроли Албоб, нерӯҳои Туркия ба самти ин шаҳр ҳаракат хоҳанд кард. Вай ҳамчунин муддаӣ шуд, барои эҷоди субот дар минтақа ва Сурия ба ҳамкории кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ниёз аст.
Суханони Раҷаб Тайиб Эрдуғонро, ки дар паи сафари давраии ӯ ба се кишвари ҳошияи Халиҷи Форс иброз шудааст, бояд талоши дигари Анкара барои ҳамроҳӣ бо мавозеи давлатҳои муртаҷаи ҳошияи Халиҷи Форс ба вижа режими подшоҳии Саудӣ қаламдод кард. Изҳороти Эрдуғон дар гуфтугӯ бо шабакаи Алъарабия, ҳамчунин баёнгари ин ҳақиқат аст, ки давлати Анкара аз сиёсатҳои нодурусти худ дар қиболи кишварҳои минтақа дарси ибрат нагирифтааст ва ҳамчунон дар паи аҳдофи султаҷуёна алайҳи давлат ва мардуми Сурия аст.
Бо вуҷуди онки давлати Анкара ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ назири ДИИШ ва ҳамчунин муқобила бо шибҳнизомиёни курди узви Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ПКК ба ишғоли арозии Сурия идома медиҳад, мухолифатҳои дохилӣ бо ин иқдоми давлати Анкара ҳар рӯзи густардатар мешавад. Ин ҳақиқатро наметавон инкор кард, ки маншаи аслии гурӯҳҳои террористӣ назири Алқоида ва ДИИШ аз Арабистон ва афкору андешаҳои ваҳҳобият буруз кардааст. Моҷарои террористии 11 сентябр дар бурҷҳои дугонаи Ню-Йорки Амрико, ки ба дасти атбои Саудӣ анҷом шуд, нишондиҳандаи ҳидояти амалиёти террористӣ дар ҷаҳон аз сӯи атбои Арабистон аст.
Бо вуҷуди ин, раисҷумҳури Туркия муддаӣ аст, ки подшоҳии Саудӣ метавонад ба субот дар Сурия ва минтақа кумак кунад. Изҳороти Эрдуғон дар заминаи ишғоли бахшҳои бештаре аз сарзаминҳои Сурия аз сӯи Туркия дар ҳолест, ки мухолифатҳои дохилӣ бо сиёсатҳои нодурусти давлати Анкара дар қиболи кишварҳои ҳамсоя ҳар рӯз бештар ва густардатар мешавад. Дар ҳамин иртибот ба унвони намуна метавон ба изҳороти Авазтурк Йилмаз, муовини раиси Ҳизби ҷумҳурии халқ дар Парлумони Туркия ишора кард. Йилмаз аз сиёсатҳои нодурусти давлати Анкара дар қиболи Сурия ба шиддат интиқод кардааст. Авазтурк Йилмаз бо ишора ба инки шаҳри Раққа дар арозии Сурия барои ҳифзи манофеи миллии Туркия ҳеч авлавияте надорад, гуфт: Давлати Туркия дақиқан дар масире, ки ба нафъи Амрикост, гом бармедорад ва ҳамчун муҳрае барои як кишвари бегона дар минтақа бозӣ мекунад .