Феврал 22, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ибодӣ: Ҳеҷ нерӯи низомии хориҷӣ дар Ироқ ҳузур надорад

Нахуствазири Ироқ бори дигар таъкид кард, ҳеҷ нерӯи хориҷии низомӣ барои мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ҳузур надорад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “ал-Ироқия”, Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ асри сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Бағдод гуфт, нерӯҳои ироқӣ дар ҷараёни амалиёти озодсозии соҳили ғарбии Мусил ба пирӯзиҳои муҳиме расидаанд. Ӯ афзуд, ДИИШ аз ҳампошида, заъфи он боиси пешравии нерӯҳои Ироқ шудааст. Нахуствазири Ироқ тавзеҳ дод, шаҳрвандони Ироқ ҳамкории хубе бо нерӯҳои Ироқ дар бораи маконҳои ҳузури аносири ДИИШ дар ғарби Мусил доранд ва мавзеъҳои ДИИШ дар ин минтақа ҳадафи ҳамалоти нерӯҳои Ироқ қарор гирифтааст. Нахуствазири Ироқ изҳор дошт, ҷомеаи байналамилалӣ аз нақши нерӯҳои Ироқ дар ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишвар дар ҷараёни мубориза бо ДИИШ шигифтзада шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сарлашкар Шокир Ҷавдат, фармондеҳи пулиси федералии Ироқ эълом кард, дар идомаи пешравии густурдаи нерӯҳои Ироқ дар ғарби Мусил шуморе аз пайравони гурӯҳи террористии ДИИШ маҷбур ба ақибнишинӣ аз фурудгоҳи Мусил шудаанд. Сарлашкар Шокир Ҷавдат гуфт, нерӯҳои Ироқ бомдоди сешанбе мавзеъҳои ДИИШ-ро дар фурудгоҳи Мусил бомбборон карда, хисоратҳои сангине ба онон ворид кардаанд. Шокир Ҷавдат бо баёни ин ки минтақаи ал-Бусиф, ғарби шаҳри Мусил озод шудааст, ҳадафи баъдии нерӯҳои Ироқро фурудгоҳи Мусил муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, муқаддамоти ҳамла ба фурудгоҳи Мусил барои поксозии он аз террористҳои ДИИШ дар ҳоли омодасозӣ аст.

Нерӯҳои Ироқ рӯзи сешанбе ҳамчунин рустои стратегии Саҳаҷӣ, ғарби Мусилро аз ишғоли ДИИШ озод карданд. Амалиёти озодсозии меҳвари ғарби Мусил аз ишғоли ДИИШ рӯзи якшанбе ба дастури нахуствазири Ироқ оғоз шудааст. Моҳи гузашта бахши шарқии Мусил аз ишғоли ДИИШ озод шуда, оворагон дар ҳоли бозгашт ба манотиқи маскунии худ дар ин минтақа ҳастанд. Ҳамзамон бо муваффақият дар ғарби Мусил Бағдод, пойтахти Ироқ бори дигар шоҳиди инфиҷори террористӣ буд, ки бар асари он шуморе куштаву захмӣ шуданд. Манобеи хабарӣ шомгоҳи сешанбе гузориш доданд, бар асари инфиҷори як мошини сабукрави бомбгузоришуда дар ғарби Бағдод дастикам ҳафт нафар кушта, 20 нафар захмӣ шудааст. Инфиҷори  ин мошин дар минтақаи Омирия, воқеъ дар ғарби Бағдод рӯй додааст.

Пойтахти Ироқ ҳар аз чанд гоҳе шоҳиди ҳамалоту инфиҷорҳои террористии зидди ғайринизомиён ва низомиён аст, ки маъмулан талафоти инсонӣ ба бор меоварад. Ҳамалоти террористӣ дар Бағдод ҳамзамон бо пирӯзиҳои ахири нерӯҳои Ироқ дар Мусил афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп