Феврал 22, 2017 20:56 Asia/Dushanbe

Нерӯҳои ироқӣ минтақаи Албусифро дар ду километрии Фурӯдгоҳи Мусил озод карданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, террористҳои диишӣ, ки охирин нафасҳои худро дар ғарби Мусил мекашанд, барои кунад кардани ҳаракати нерӯҳои ироқӣ ва фароҳам кардани фурсати фирор барои худ, ба партоби хумпора ва бомбгузорӣ рӯй овардаанд .

Террористҳо анвои бомбҳо аз ҷумла бомбҳое ба шакли тасбеҳро дар ҳамаҷо ҳатто дар хонаҳои мардум қарор додаанд .

Нерӯҳои ироқӣ ба ду километрии Фурӯдгоҳи Мусил расидаанд .

Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ низ рӯзи чаҳоршанбе амалиёти озодсозии шаҳри Талъафрро аз самти рӯстоҳои Алшариа ва Айн Ҳасон ва Сину оғоз ва рӯстои Харобалҷаҳшро дар атрофи ин шаҳр озод карданд .

Амалиёти озодсозии меҳвари ғарби Мусил аз ишғоли ДИИШ рӯзи якшанбе 19 феврал ба дастури нахуствазири Ироқ оғоз шудааст.

 

Барчасп