Нотавонии режими саҳюнистӣ дар баробари тунелҳои муқовимати Фаластин
(last modified Thu, 23 Feb 2017 12:04:16 GMT )
Феврал 23, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Нотавонии режими саҳюнистӣ дар баробари тунелҳои муқовимати Фаластин

Ба дунболи ҳароси саҳюнистҳо аз тунелҳои муқовимат, Ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ аз ихтисоси буҷети калон барои тахриби тунелҳои марзии борикаи Ғазза хабар дод.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории фаластинии "Само", артиши Исроил аз октябри соли 2013 то кунун ба талошҳои худ барои тахриби тунелҳои марзии Ғазза идома медиҳад ва дар соли 2017 ҳудуди ду миллиарду 400 миллион шекел (647 миллион доллар) барои тахриби тунелҳои марзии борикаи Ғазза ихтисос додааст .

 Давлати Амрико низ барои кашфу тахриби тунелҳои марзии Ғазза, мошинолоти сангин дар ихтиёри режими саҳюнистӣ мегузорад, ки дар ин чорчӯб ширкати амрикоии "Катерпиллер" ахирани 20 дастгоҳ мошинолоти сангин ба Телавив таҳвил додааст.

Шабакаи тунелҳои ҷумбиши ҲАМОС аз поёни ҷанги 50 рӯзаи режими саҳюнистӣ бо борикаи Ғазза, ба кобусе ҷадид барои ин режим табдил шудааст. Ба тавре, ки артиши режими саҳюнистӣ пас аз поёни ҷанги Ғазза дар соли 2014 борҳо ба тавонмандии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин эътироф кардааст .

 Дар ҳамин ҳол, Гади Эйзенкот, раиси Ситоди муштараки артиши режими саҳюнистӣ гуфт, дастгоҳҳои амниятии ин режим барои иртиқову навсозии таҷҳизоти низомӣ ва абзори лозим барои кашфи тунелҳои мутааллиқ ба гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар манотиқи марзии борикаи Ғазза талош мекунанд.

Эйзенкот гуфт, Исроил контроли авзоъ дар ҷабҳаи Ғаззаро дар авлавияти барномаҳои кории худ дар соли ҷорӣ қарор додааст.

Тсипи Ливни, вазири хориҷаи пешини режими саҳюнистӣ низ бо эътироф ба нотавонии ин режим дар аз байн бурдани муқовимати Фаластин ва корсоз набудани гузинаи низомӣ дар баробари фаластиниён гуфтааст, кобинаи Исроил набояд фақат ба роҳи ҳалҳои амниятӣ басанда кунад ва ин масире иштибоҳ асту боиси инзивои Исроил мешавад.

 Ливни афзуд, бояд барои ёфтани роҳи ҳалле дар бораи тунелҳо талош шаваду кобинаи Исроил натавониста ин мушкилро ҳал кунад, чаро ки масъалаи тунелҳо як масъалаи роҳбурдӣ аст.

 Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар ҷанги 50 рӯзаи Ғазза дар соли 2014 бо истифода аз шабакаи тунелҳо, ҳамалоти муваффақиятомезеро ба мавозеи низомиёни исроилии наздики марзи борикаи Ғазза анҷом дод .

 Ҷумбиши Ҳамос аз тунелҳо барои рафъи ниёзҳои сокинони борикаи Ғазза ҳам истифода мекунад. Режими Исроил аз соли 2006 борикаи Ғаззаро муҳосираи дарёӣ, заминӣва ҳавоӣ кардаасту аз вуруди маводи ғизоӣ ва колоҳои асосӣ ба ин минтақа ҷилавгирӣ мекунад.

 

 

Барчасп