Тағйири лаҳни Туркия пас аз вокуниши тунди Зариф ба изҳороти Эрдуғон
(last modified Thu, 23 Feb 2017 13:20:26 GMT )
Феврал 23, 2017 18:20 Asia/Dushanbe
  • Тағйири лаҳни Туркия пас аз вокуниши тунди Зариф ба изҳороти Эрдуғон

Чанде пас аз вокуниши тунди вазири умури хориҷии Эрон ба изҳороти зиддиэронии мақомҳои Туркия сухангӯи раисҷумҳури ин кишвар Эронро ҳамсояи муҳим барои Туркия хонд.

Ба гузориши ИРНА, Иброҳим Калин, сухангӯи раисҷумҳури Туркия гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсояи муҳим барои Туркия аст ва Анкара тарафдори афзоиши танишҳо бо Теҳрон нест.

Раисҷумҳур ва вазири умури хориҷии Туркия, ахиран, Теҳронро ба мудохила дар умури кишварҳои минтақа муттаҳам карда буданд, ки бо посухи қотеи мақомоти Эрон рӯ ба рӯ шуданд.

Вазири умури хориҷии Эрон дар посух ба ин изҳороти мақомҳои Туркия гуфт, дӯстон дар Ҳукумати Туркия ҳам камҳофизаанд ва ҳам дар қиболи касоне, ки ба онҳо муҳаббату ҳамроҳӣ кардаанд, қадрношиносанд. Зариф афзуд: “Туркия Эронро муттаҳам ба фирқагароӣ мекунад, аммо ба ёд намеоваранд, ки барои ҳукумати онҳо шаби кудато то субҳ нахобидем”.

Туркия моҳҳост, бидуни иҷозаи ҳукуматҳои Ироқу Сурия, ба таври ғайриқонунӣ садҳо низомии худро бо баҳонаи мубориза бо терроризм вориди ин ду кишвар карда, ба эътирозҳои Бағдоду Димишқ барои хурӯҷи нерӯҳои худ бетаваҷҷуҳӣ мекунад.