Феврал 24, 2017 21:13 Asia/Dushanbe

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия таъкид кард, роҳи ҳалли сиёсӣ, танҳо роҳи ҳалли буҳрони Сурия аст.

Ба гузориши “Алолам”, Стефан де Мистура рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи ифтитоҳияи даври ҷадиди музокироти Женева дар бораи Сурия гуфт, “ҳама медонанд, роҳи ҳалли низомӣ барои буҳрони Сурия вуҷуд надорад ва танҳо роҳи сиёсӣ буҳрони Сурияро ҳал мекунад”.

Де Мистура афзуд, ин ҳақиқате аст, ки аз шаш соли пеш, ки даргириҳо дар Сурия оғоз шуд, вуҷуд доштаасту хоҳад дошт.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия аз ширкаткунандагон дар музокироти Женева хост, маслиҳати Сурияву мардуми ин кишварро дар назар бигиранд.

Де Мистура дар бораи оташбас дар Сурия низ гуфт, тавофуқи оташбас шикананда аст, бо ин ҳол ин тавофуқ побарҷо асту бояд тавваҷуҳ дошт, ки ин оташбас пас аз моҳҳо даргирӣ барқарор шудаасту мушаххас аст, ки бо чолишҳои бисёре рӯбарӯ хоҳад буд.

Музокироти Женева -4 барои ҳалли буҳрони Сурия, рӯзи панҷшанбе дар Женеваи Швейтсария оғоз шуд.

Дар ин музокирот Башор Ҷаъфарӣ раёсати ҳайати давлати Сурия ва Муҳаммад Сабр, ки ба Туркия наздик аст, раёсати ҳайати норозиёнро бар ӯҳда дорад.

 

Барчасп