Фаъолияти радиои ДИИШ қатъ шуд
(last modified Sun, 26 Feb 2017 10:22:49 GMT )
Феврал 26, 2017 15:22 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти радиои ДИИШ қатъ шуд

Фаъолияти радиои гурӯҳи террористии ДИИШ ба номи “ал-Баён” саранҷом пас аз ду сол қатъ шуд.

Луқмон Умар Тоӣ фаъоли ҳуқуқӣ ва маданӣ ба хабаргузори Анатолии Туркия гуфт, бо таваққуфи пахши барномаи радиои “ал-Баён”, ДИИШ охирин абзори иттилорасонии худро дар Мусил аз даст дод. Вай афзуд, рӯзи шанбе дар як ҳамлаи ҳавоӣ, антенҳои ин радио дар каронаи рости Мӯсил ҳадаф қарор гирифт ва дар натиҷа садои таблиғоти ДИИШ ва охирин занги таблиғотии он, дар минтақа аз кор афтод.

Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки июни 2014 шаҳри Мусил-маркази устони Найнавои Ироқро ба ишғол даровард, ин радиоро авоили 2015 роҳандозӣ кард.

Радио “ал-Баён” ахбори марбут ба ДИИШ-ро ба панҷ забони арабӣ, курдӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва русӣ пахш мекард.

Бо пешравии нерӯҳои ироқӣ дар ғарби Мусил, дар қолаби амалиёти “Найнаво мо меоем”, беш аз 80 дарсади ин минтақа аз ишғоли ДИИШ озод шудааст.