Ҳалқаи наздикони Абубакр ал-Бағдодӣ нобуд шудаанд
(last modified Thu, 02 Mar 2017 13:45:39 GMT )
Март 02, 2017 18:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳалқаи наздикони Абубакр ал-Бағдодӣ нобуд шудаанд

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар эътилофи зидди ДИИШ мегӯяд, ҳалқаи наздикони Абубакр ал-Бағдодӣ тақрибан нобуд шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, генерал Стивен Таунсенд дар як нишасти хабарӣ, ки ба сурати видео-конфронс аз Бағдод пахш мешуд, эълом кард, ки ҳудуди 12 то 15 ҳазор террористи диишӣ дар Ироқ ва Сурия ҳузур доранд, ки ин нишондиҳандаи коҳиши нерӯи инсонии ин гурӯҳи такфирӣ аст.

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар эътилофи зидди ДИИШ гуфт, дар миёни террористҳои кушташуда дар шаш моҳи ахир, теъдоди бисёр зиёде аз сарони ДИИШ, шомили афроди наздик ба Абубакр ал-Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳ дида мешавад.

Таунсенд афзуд, ҳанӯз наздик ба ду ҳазор террористи диишӣ дар дохил ва атрофи бахши ғарбии Мусил ҳузур доранд ва машғули дифоъ аз охирин пойгоҳҳои худ дар Ироқ ҳастанд.

Ин генерали аршади амрикоӣ гуфт, ин дар ҳолест, ки дар замони оғози амалиёти Мусил, мақомоти низомӣ тахмин мезаданд, ҳудуди 3 то 5 ҳазор такфирӣ дохил ва атрофи ин шаҳр бошанд.

 Вазорати дифои Амрико дар солҳои 2015 ва 2016 теъдоди террористҳои ДИИШ дар Ироқ ва Сурияро ҳудуди 20 то 30 ҳазор нафар тахмин зада буд.