Март 02, 2017 19:41 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Тадмур дар Сурия аз ишғоли ДИИШ озод шуд

Шаҳри бостонии Тадмур (Палмиро) дар Сурия имрӯз дар пайи набарди сангини артиши ин кишвар ва муттаҳидонаш бо ишғолгарони ДИИШ, аз тасарруфт ин гурӯҳт террористӣ озод шуд.

Ба гузориши ИРНА, артиши Сурия ва муттаҳидонаш шаҳри Тадмурро аз ишғоли террористҳои ДИИШ дар ҳоле озод карданд, ки ин шаҳр пур аз бомба шудааст.

 Артиши Сурия ва муттаҳидонаш дар манотиқи ғарби шаҳри Тадмур ворид шуда ва ҳавопаймоҳои сурӣ низ гурӯҳе аз террористҳоро, ки дар ҳоли ақибнишинӣ дар шарқи Тадмур буданд, ҳадаф қарор доданд.

Шабакаи ал-Маёдин ба нақл аз нозири ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод, ки артиши ин кишвар ба бархе аз манозил дар бахши шимолӣ ва шимоли ғарби шаҳр расида ва ин дар ҳоле аст, ки террористҳои ДИИШ аз дохили шаҳри Тадмур ақибнишинӣ кардаанд, вале ҳамчунон даргирӣ дар чанд меҳвар, байни тарафҳо идома дорад.

Шаҳри таърихии Тадмур пеш аз ин низ якбор дар марти 2016 аз ишғоли ДИИШ озод шуда буд, аммо дар декабри соли гузашта бо тамаркузи артиши Сурия бар озодсозии шаҳри роҳбурдии Ҳалаб, Тадмур бори дигар ба дасти гурӯҳи террористии ДИИШ афтод.

Шаҳри бостонии Тадмур, ки ба “марвориди саҳро” маъруф аст, яке аз муҳимтарин осори сабтшудаи Сурия дар феҳристи Юнеско аст, ки куҳантарин осори таърихии он ба қарнҳои аввал ва дувуми мелодӣ бозмегардад.

Тадмур ё Палмиро замоне дар ҷаҳони бостон яке аз муҳимтарин марокизи фарҳангии ҷаҳон буд, ки то пеш аз оғози ҷанг дар Сурия ҳар сол беш аз 150 ҳазор ҷаҳонгард аз он боздид мекарданд.

ДИИШ дар даврони тасаллути худ бар шаҳри Тадмур (Палмиро) дар Сурия, тамоми осори таърихии ин шаҳрро ба таври комил нобуд карда, бисёре аз ганҷинаҳои бостонии онро ба ғорат бурдааст.