Боздошти писари амаки Абубакри Бағдодӣ дар Мусил+ Видео
Нерӯҳои пулиси федерали Ироқ муваффақ шуданд, писари амаки Абубакри Бағдодӣ- саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро боздошт кунанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал Олам, як манбаъи нерӯҳои пулиси федерали Ироқ таъкид кард, ки ин фард дар чорчӯби амалиёти иттилоотии дақиқ дар минтақаи Al jawsaq дар ғарби Мусил боздошт шудааст.
Видеое, ки манобеи ироқӣ мунташир кардаанд, фардеро нишон медиҳад, ки пас аз боздошт, дар муҳосираи нерӯҳои пулиси федерали Ироқ дар ҳоли интиқол ба мақари пулис аст.
Гурӯҳи террористии ДИИШ аз замони оғози амалиёти озодсозии Мусил токунун, хисоратҳои густурдае мутаҳаммил шуда ва садҳо тан аз аносури худро аз даст додааст.
Ҳамчунин гузориши манобеи маҳаллӣ ҳокӣ аст, саркардаи ДИИШ ба иллати шикастҳои сангини ин гурӯҳи террористӣ, дар ғарби Мусил, фармондеҳони ироқии худро барканор карда ва бархе атбои араб ва ғайри арабро дар ин минтақа мансуб кардааст.