Март 05, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳааретс: Нетаняҳу аз тарҳи сулҳи минтақаӣ ақабнишинӣ кард

Як рӯзномаи ибризабон навишт, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба тадриҷ аз тарҳи сулҳи минтақаии худ, ки ҳудуди 9 моҳ қабл онро ба раиси бузургтарин ҳизби оппозитсияи ин режим ироа карда буд, ақабнишинӣ кард.

Рӯзномаи ибризабони Ҳааретс дар шумораи имрӯз навишт, Бенямин Нетаняҳу ҳудуди 9 моҳ қабл тарҳеро барои сулҳи минтақаӣ бо мушорикати Урдун ва Миср ба Исҳоқ Ҳерзог, раиси бузургтарин ҳизби оппозитсияи ин режим ироа кард, ки шомили як баёнияи муштарак ба унвони аслӣ барои оғози иҷрои тарҳи сулҳи минтақаӣ ва ташкили кишваре якпорча дар Исроил буд .

Дар ин тарҳ бар омодагии нахуствазири режими саҳюнистӣ барои имтиёздиҳиҳои минтақаӣ дар ростои иҷрои роҳҳалли ташкили ду кишвар ва низ коҳиши мизони сохту созҳо дар шаҳракҳо таъкид шуда буд .

Ба навиштаи Ҳааретс, Нетаняҳу пас аз се ҳафта аз ироаи тарҳи мазкур ба Ҳерзог бо вуҷуди дастёбӣ ба тавофуқҳои аввалия дар ин хусус ба сурати тадриҷӣ аз он ақабнишинӣ кард .  

Ин рӯзномаи ибризабон дар идома иллати ақабнишинии Нетаняҳу аз тарҳашро буҳрони сиёсӣ донист, ки ба дунболи сохти бебарнома ва ғайриқонунии шаҳраки Амуно дар арозии фаластиниҳо оғоз шуд .

Дар декабри 2014 додгоҳи олии режими саҳюнистӣ ба Тел Авив дастур дод, ин шаҳракро зарфи ду сол тахлия кунад .

Нетаняҳу моҳи гузашта ончи рӯзномаи Ҳааретс дар бораи мушорикаташ дар нишасти чаҳорҷонибае дар соли гузашта бо ҳузури Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Урдун, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср ва Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи собиқи Амрико дар шаҳри Ақабаи Урдун фош кардро тайид кард .

Ҳааретс дар ин робита навишт, Керрӣ дар нишасти мазкур, ки дар торихи 21 феврали 2016 баргузор шуд, тарҳи сулҳи минтақаӣ бо кишварҳои арабӣ ва Фаластин мабнӣ бар ташкили кишвари мустақили Фаластин бар асоси марзҳои соли 1967 ва ба расмият шинохта шудани Исроил ба унвони кишваре яҳудӣ аз сӯи фаластиниҳо ва кишварҳои арабиро мавриди баррасӣ қарор дод .