Истиқболи Ироқ аз силоҳҳои пешрафтаи эронӣ
Раиси ситоди муштараки артиши Ироқ дар ҳошияи шашумин Намоишгоҳи байналмилалии саноеи дифоӣ ва низомӣ дар Бағдод гуфт: Ироқ дар ҷанг бо ДИИШ, бо силоҳҳои эронӣ, ки таслеҳоте пешрафта ҳастанд, ошно шудааст.
Ба иттилои Ирно, Усмон Алғонамӣ, рӯзи сешанбе дар боздид аз ғурфаи ҷумҳурии исломии Эрон дар ин намоишгоҳ афзуд: Силоҳҳои эронӣ барои Ироқ ғариба нестанд ва дар ҷанг бо ДИИШ аз ин силоҳҳо истифода шудааст.
Усмон Алғонамӣ хотирнишон кард: Бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои майдонӣ, ки аз силоҳҳои эронӣ дар саҳнаҳои набард бо ДИИШ ба даст омада, талош мешавад, дар сареътарин замони мумкин қарордодҳое барои хариди ин силоҳҳо имзо шавад .
Раиси ситоди муштараки артиш Ироқ гуфт, системаҳои ҳушманд ва ҳидоятшаванда, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мушакҳои эронии арзашуда дар намоишгоҳи Бағдод таваҷҷуҳи ӯро ҷалб кардааст .
Шашумин Намоишгоҳи байналмилалии саноеи дифоӣ ва низомӣ бо ҳузури 80 ширкат аз 21 кишвари ҷаҳон аз якшанбе (5 марти 2017) дар Бағдод оғоз ба кор кардааст ва рӯзи сешанбе ба кори худ поён дод .