Март 11, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар Ғазза зидди қонуни манъи пахши азон аз масоҷид

Фаластиниҳо рӯзи ҷумъа дар эътироз ба тарҳи режими саҳюнистии мабнӣ бар маҳдуд кардани пахши азон аз масоҷид дар Борикаи Ғазза тазоҳурот карданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, пешнависи маҳдуд кардани садои азон дар раъйгирии муқаддамотии Кнессети Исроил бо 55 раъйи мувофиқ ва 48 раъйи мухолиф ба тасвиб расид, вале барои тасвиби ниҳоӣ бояд дубора ба машварат гузошта шавад  .

Муҳаммад Шаҳоб, узви Маҷлиси қонунгузории Фаластин дар ҳошияи ин тазоҳурот қонуни Кнессети Исроилро нажодпарастона ва ҷиноят бар зидди ҳамаи мусулмонон хонд ва аз мусулмонон дар саросари ҷаҳон хост, бо иттиҳод ва ҳамдилии худ дар баробари тасмимоти нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ биистанд  .

Пеш аз ин Аҳмад Алравизӣ, намояндаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Фаластин низ ахиран бо ҳушдор дар бораи амалкарди ифротии режими саҳюнистӣ дар Қудси шариф эълом кард, ин иқдомот оғози иҷрои бахши ҷадиде аз тавтеаи саҳюнистҳо зидди Масҷидулақсост .

 

Барчасп