Март 11, 2017 16:28 Asia/Dushanbe
  • Ташкили гурӯҳи вижа барои ҷустуҷӯи Абубакри Бағдодӣ дар Ироқ

Басиҷи мардумии Ироқ, гурӯҳи вижаеро барои ҷустуҷӯи Абубакр Бағдодӣ ташкил додааст.

Ба гузориши ИРНА, Карим ал Нурӣ яке аз фармондеҳони басиҷи мардумӣ рӯзи шанбе эълом кард, ки як тими вижаи иттилоотӣ барои ҷамъоварии иттилооти лозим, дар хусуси нақл ва интиқолоти Бағдодӣ ташкил додааст.

Ал Нурӣ афзуд, Бағдодӣ пеш аз шурӯъи амалиёти озодсозии Мусил дар 17 октябри 2017, бахши ғарбии Мусил ва сипас шаҳри Талъафарро тарк кард ва интизор меравад, ки дар наздикии марзҳои Ироқ ва Сурия бошад.

Ба гуфтаи вай, гурӯҳи террористии ДИИШ садҳо тан аз фармондеҳони худро дар амалиёти озодсозии Мусил аз даст дода ва ба ҷуз бахши кӯчаке аз фармондеҳони бумӣ, ки нотавон аз идораи ҷанг ҳастанд, бештари саркардаҳои аслии ин гурӯҳ, кушта шудаанд.

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, ба эҳтимоли қавӣ Бағдодӣ дар минтақае байни Albeaj ва Alghiravan дар ғарбитарин нуқтаи устони Найнаво махфӣ шуда, ё бо кумаки як давлати хориҷӣ, ба хориҷ аз марзҳои Ироқ гурехтааст.

 

 

 

Барчасп