Март 14, 2017 19:19 Asia/Dushanbe

Гурӯҳи террористи ДИИШ барои ҷилавгирӣ аз пешравии неруҳои ироқӣ дар соҳили рости Мусил, аз газҳои заҳролуд истифода кард.

Ба гузориши вебгоҳи хабарии “Rudaw”, террористҳои ДИИШ, рӯзи душанбе бомбаҳои ҳовии газҳои заҳролуди кабудранг ба пойгоҳҳои артиши Ироқ, дар минтақаи Бобултуб партоб карданд.

Дар видеои мунташир шуда аз ин ҷиноят, шуморе аз сарбозон ва рӯзноманигорон як дақиқа пас аз исобати яке аз ин бомбаҳо, дар ҳоли сурфаи шадид мушоҳида мешаванд.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, рӯзи якуми март эълом кард, ҳамон рӯз дастикам 12 нафар ба сабаби танаффуси газҳои кимиёвӣ дар Мусил, ба бемористони Арбил интиқол ёфтанд.

Пеш аз ин, генерал Игор Конашенков-сухангӯи вазорати дифои Русия, аз бетаваҷҷуҳии Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ба истифодаи ДИИШ аз силоҳи кимиёвӣ дар Мусил, ибрози шигифтӣ карда буд.

 

Барчасп