Режими Оли Сауд омили густариши ифротгароӣ дар ҷаҳон
(last modified Sat, 18 Mar 2017 12:37:26 GMT )
Март 18, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
  • Режими Оли Сауд омили густариши ифротгароӣ дар ҷаҳон

Рӯзномаи “Huffington Post” дар гузорише навишт, Арабистони Саудӣ омили густариши ифротгароӣ дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши рӯзномаи “Huffington Post”, дар шароите, ки режими Оли Сауд омили аслии густариши ифротгароӣ дар ҷаҳон аст, мақомоти Арабистони Саудӣ дар Вашингтон, бо ҳадафи иқдомоти зидди эронӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ройзанӣ карданд.

Иосеф Бот- мушовири баланд пояи Шӯрои иттилооти амнияти Амрико ва Бритониё, дар ин маврид гуфт, Арабистони Саудӣ омили аслии густариши терроризм дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи вай, рӯйкардҳои мухарриби режими Оли Сауд, ҳимоят ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва ташдиди фирқагароӣ дар Ховари Миёна аст.

Дар ин гузориш омадааст, Арабистони Саудӣ агар мехоҳад ҳокимияти худро ҳамакнун тасбит кунад, ба ҷанг ва нооромӣ дар минтақа ниёз дорад.

Ба гузориши ин, Эрон ба сурати созмон ёфта бо террор мухолиф буда ва ҷангида ва қурбонӣ додааст.

Муҳаммад ибн Салмон, фарзанди подшоҳ ва вазири дифои Арабистон, бо Трамп дидор кард, то битавонад ҳимояти Вашингтонро барои аҳдофи худ дар иртибот бо Ховари Миёна ҷалб кунад.

Ин дидор дар шароите анҷом гирифт, ки ҳамалоти ҷангандаҳои Арабистон ба амокини маскунии Яман, омили куштори ҳазорон яманӣ будааст.