Март 21, 2017 21:47 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши таслиҳоти Фаронса ба режими Оли Сауд

Раисиҷумҳури Фаронса, бо судури муҷаввизи фурӯши таслиҳот ба режми Саудӣ, ошкоро ин режимро барои ба хоку хун кашидани мардуми бедифоъ ва мазлуми Яман, ташвеқ кард.

Ба навиштаи торномаи ҳафтаномаи Фаронсавии Le Point, Франсоа Оланд - раисиҷумҳури Фаронса рӯзи душанбе, муҷаввизи фурӯши таслиҳот ба Арабистони Саудиро ба арзиши 455 миллион евро содир кард, ки бахши бузурге аз ин таслиҳот, барои таҷовуз ба мардуми Яман ба кор гирифта хоҳад шуд. Ин дар ҳоле аст, ки муҷаввизи идорӣ барои фурӯши ин миқдор қобили таваҷҷуҳ аз таслиҳот, бо мухолифат ва бо бемайлӣ аз сӯи кобинаи Фаронса ва вазорати умури хориҷаи ин кишвар ба далели истифода аз таслиҳот зидди Яман мувоҷиҳ шудааст. Ҳангоме, ки Фаронса эълом кард, дар соли 2016 мелодӣ 20 миллиард евро суфориши таслиҳот дарёфт кардааст, бо интиқод бархе кишварҳо мувоҷеҳ шуд ва шумори зиёде аз созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ бо истинод ба қатъномаи 2216 Созмони Милали Муттаҳид, нақши Арабистон ва кишварҳои ҳомии онро дар ҷанги зидди мардуми Яман, ба шиддат маҳкум карданд. Аз марти 2015 Арабистон бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, таҷовуз ба кишвари Яманро оғоз ва занону кудакони ин сарзаминро ба хоку хун кашид.

Барчасп