Март 24, 2017 21:23 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 230 ироқӣ дар ҳамлаи ҳавоии Амрико ба Мусил

Дар ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои ба истилоҳ “эътилофи байналмилалӣ”, таҳти фармондеҳии Амрико ба ғарби Мусил 230 ғайринизомӣ, ки бештари онон зану кӯдак ҳастанд, ҷон бохтанд.

Як манбаи амниятии Ироқ эълом кард, ҷангандаҳои ба истилоҳ “эътилоф” се хонаро дар минтақаи Мусили ҷадид, ки ғайринизомиён дар он ҷо паноҳ гирифта буданд, бомбаборон карданд.

Манбаи амниятӣ афзуд, ҷасадҳои 130 тан аз ғайринизомиён, ки дар яке аз хонаҳо паноҳ гирифта буданд, аз зери вайронаҳо хориҷ шуданд.

Ин манбаъ таъкид кард, ҳудуди 100 тани дигар, ки бештари онон зану кӯдак ҳастанд, дар ҳамлаи ҳавоӣ ба ду хонаи дигар дар бахши ғарбии Мусил кушта шуданд. Пештар хабаргузории “Рейтерс” аз Бағдод гузориш дода буд, масъулони дифои мадании Ироқ ва сокинони маҳаллӣ рӯзи панҷшанбе эълом карда буданд, дар пайи ҳамалоти ҳавоии чанд рӯзи пеши нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар ғарби Мусил, аҷсоди даҳҳо ғайринизомӣ дар зери оворҳо мадфун шуданду талоши нерӯҳои имдоду наҷот барои хориҷ кардани аҷсоди қурбониён аз зери харобаҳо ҳамчунон идома дорад.