Март 29, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ ва омӯзиши ҷиноят ба кӯдакон

Террористҳои ДИИШ як файли видеоие аз саҳнаҳои ҳавлнок дар бораи чигунагии омӯзиши кӯдакон барои шикори афрод тавлид кардаанд.

Ба гузориши сойти “Аския нюс”, дар ин файли видеоӣ гурӯҳе аз кӯдакон бо либоси сиёҳ силоҳ ба даст гирифтаанду наҳваи нишонгирии асирони дастбаста ва куштани онҳоро омӯзиш мебинанд. Хабарнигори сойти “Аския нюс”, ки худ аз як боздоштгоҳи кӯдакони мазнун ба ҳамкорӣ бо ДИИШ дар Арбили Ироқ дидан карда, аз ин кӯдакон нақл кардааст, ки онон мухолифати худро бо ДИИШ эълом ва таъкид карданд, пайравони ДИИШ ононро водор ба ҷанг намудаанд. Яке аз ин кӯдакон, ки 12 сол бештар надорад, вале ҳафт моҳро дар урдугоҳи омӯзишии ДИИШ гузарондааст, гуфт, террористҳо дар вокуниш ба талоши ӯ барои тарки ин урдугоҳ ӯро як рӯзи комил бидуни обу ғизо зиндонӣ карданд ва танҳо рӯзи баъд обаш додаанд.

Як нашрияи австриягӣ ҳам чанде пеш бо ишора ба омӯзиши садҳо кӯдак аз сӯйи ДИИШ барои иҷрои ҳамалоти террористӣ дар Сурия ва Ироқ навишт, ин давраи омӯзишӣ шомили сар буридану шиканҷа аст ва кӯдакони таҳти омӯзиш бидуни содир кардани ин ҷиноёт наметавонанд давраи омӯзиширо ба поён расонанд.

 

Барчасп