ДИИШ ҳам иддаои зидди эронии Нетаняҳуро рад кард!
-
Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ
Видеое, ки ахиран гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир кардааст, ба таври ғайримустақим иддаои нахуствазири режими саҳюнистӣ дар мавриди яҳудиситезии Эронро рад мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ муддаӣ аст, эрониён дар тӯли торих аз замони императориҳои куҳани худ то имрӯз ҳамвора ба дунболи нобудии яҳудиён будаанд, ДИИШ дар видеои ҷадиди худ Эронро ба хотир паноҳ додан ба яҳудиён мавриди интиқод қарор додааст .
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин филми таблиғотӣ, ки ба забони форсӣ таҳия шудааст, зимни интиқод аз сиёсати мадоргароёнаи Эрон дар қиболи яҳудиён, аз инки яҳудиён дар Эрон дар амнияти комил зиндагӣ мекунанд ва ҳатто дар шаҳрҳое монанди Теҳрону Исфаҳон дорои парастишгоҳ (каниса) ҳастанд, ибрози норизоятӣ мекунад .
Нетаняҳу моҳи гузашта дар бадви вуруд ба Русия дар мусоҳиба бо хабарнигорони рус гуфт: Эрон ду ҳазору 500 соли пеш ба дунболи нобудии яҳудиён буд ва имрӯз низ руъёи нобудии Исроилро дорад .
Вай чанде баъд ба муносибати ҷашни яҳудии Пурим низ ин иддаоро як бори дигар дар ҷамъи кӯдакони исроилӣ такрор кард .