Хуруҷи садҳо террорист аз шаҳри Ҳимси Сурия
(last modified Sat, 01 Apr 2017 14:20:15 GMT )
Апрел 01, 2017 19:20 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи садҳо террорист аз Ҳимси Сурия
    Хуруҷи садҳо террорист аз Ҳимси Сурия

Дар чорчуби тавофуқи давлати Сурия бо гурӯҳҳои мусаллаҳ, беш аз 500 нафар аз афроди мусаллаҳ ва хонаводаҳои онҳо аз шаҳри Ҳимс хориҷ шуда, ба устони Идлиб рафтанд.

Ба иттилои телевизиони Сурия, Талол Албарозӣ, устондори Ҳимс дар маркази Сурия гуфт: Пешбинӣ мешавад, то поёни имрӯз ҳазору 500 фарди мусаллаҳ аз минтақаи Алваъри шаҳри Ҳимс хориҷ шаванд .

Ин сеюмин марҳала аз хуруҷи гурӯҳҳои мусаллаҳ аз минтақаи Алваър аст .

Дар ду марҳалаи қаблӣ беш аз се ҳазору 200 силоҳбадаст ва хонаводаҳояшон ба устонҳои Ҳалаб ва Идлиб дар шимол ва шимоли ғарби Сурия рафтанд .

Охирин даври музокироти гурӯҳҳои мусаллаҳ бо давлати Сурия барои хуруҷ аз минтақаи Алваъри Ҳимс рӯзи 12 марти 2017 баргузор шуд ва ин гурӯҳҳо барои хуруҷ аз ин минтақа бо давлат ба тавофуқ расиданд .

Дар оташбаси соли 2014 террористҳо аз маҳаллаҳои маскунии шаҳри Ҳимс ақабнишинӣ карданд, аммо манотиқе монанди Алваър ҳамчунон дар дасти онон боқӣ монд .

Шаҳри Ҳимс сеюмин шаҳри бузурги Сурия пас аз Димишқ ва Ҳалаб аст .