Апрел 05, 2017 18:42 Asia/Dushanbe
  • Истифода аз маводи химиявӣ дар Идлиб такрори иддаоҳо зидди давлати Сурия

Иддаои ҳамлаи химиявӣ дар Идлиб, шимоли ғарби Сурия тавассути артиши ин кишвар бори дигар ба дастовизе барои мухолифони давлати Сурия табдил шудааст, то ҷуброни шикаст дар майдони ҷангро аз равиши иттиҳомҳои нахнамошуда ҷуброн кунанд.

Манобеи хабарии вобаста ба террористҳо ва мухолифони Сурия рӯзи сешанбе иддао карданд, ҳавопаймоҳое бо ҳуввияти номушаххас шаҳри Хон Шайхун воқеъ дар Идлибро бо мушакҳои ҳовии газҳои химиявӣ, ки амалкарде мушобеҳи гази саммии сарин доштааст, ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, дастикам 100 нафар дар ин ҳамлаи иддаоӣ кушта ва ҳудуди 400 ғайринизомӣ захмӣ шуданд .

Идлиб таҳти ишғоли гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористии мавриди ҳимояти ғарбу Туркия аст, ки пас аз шикаст дар шаҳри роҳбурдии Ҳалаб дар Идлиб ҷамъ шуданд. Иттиҳомҳо зидди давлати Сурия дар бораи ҳамлаи химиявӣ ба Идлиб дар ҳоле дар садри ахбор қарор гирифт, ки ситоди кулли артиши Сурия сешанбе ‌шаб дар баёнияе таъкид кард: Гурӯҳҳои террористӣ, акнун ба хотири нотавонӣ дар майдонҳои набард ва дар тавҷеҳи шикастҳои худ иддаоҳои дуруғин матраҳ мекунанд. Ситоди кулил артиши Сурия истифода аз маводи химиявӣ ва саммӣ аз сӯи ин кишвар дар Идлибро рад ва эълом кард: Гурӯҳҳои террористӣ масъули ҳамлаи химиявӣ ҳастанд .

Дар ҳамин ҳол, Стефан Дюжаррик, сухангуи Созмони милали муттаҳид рӯзи сешанбе дар вокуниш ба ҳамлаи химиявӣ дар Идлиб изҳор кард: Ин созмон дар мавқеияте қарор надорад, ки битавонад ба таври мустақил гузоришҳои мунташиршуда дар бораи ҳамлаи химиявӣ дар устони Идлиби Сурияро мавриди тайид қарор диҳад .

Сухангуи Созмони милали муттаҳид дар айни ҳол афзуд: Ҳаргуна истифода аз таслеҳоти химиявӣ дар ҳар куҷо, таҳдиде зидди сулҳу амният хоҳад буд ва нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ талаққӣ мешавад .

Созмони манъи густариши силоҳҳои химиявӣ ҳам сешанбе шаб дар баёнияе дар бораи ахбори марбут ба истифода аз маводи химиявӣ дар устони Идлиби Сурия эълом кард: Фароянди таҳқиқот дар ин замина дар ҳоли анҷом аст. Созмони манъи густариши силоҳҳои химиявӣ, ки мақарраш дар шаҳри Лоҳаи Ҳолланд қарор дорад, дар баёнияи худ навишт: Ин созмон дар бораи иддаоҳои ҳамла бо маводи химиявӣ дар минтақаи Хон Шайхун воқеъ дар ҷануби Идлиби Сурия, ба таври ҷиддӣ нигарон аст .

Созмони манъи густариши силоҳҳои химиявӣ таъкид кард: Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ истифода аз маводи химиявиро тавассути ҳар касе дар ҳар куҷо ва таҳти ҳар шароите маҳкум мекунад .