Апрел 06, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад-раисҷумҳури Сурия
    Башор Асад-раисҷумҳури Сурия

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, аксари давлатҳои арабии минтақа вобаста ҳастанд ва ҷуръати мухолифат бо Ғарбро надоранд.

Раисиҷумҳури Сурия бо ишора ба ҳимоятҳои Эрон, Русия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон аз артиши Сурия, изҳор кард, кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ гоҳ дар Сурия бо терроризм наҷангиданд ва ҳамчунон ҳомии он ҳастанд.

Башор Асад-раисҷумҳури Сурия, дар гуфтугӯ бо нашрияи “Vecernji List”-и Хорватия, гуфт, артиши Сурия ба мадади пуштибонии мардумӣ ва ҳимояти қудратманди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Русия, тавонист дар баробари террористҳо дастовардҳоеро муҳаққақ кунад ва агар артиш ва давлати Сурия намояндаи ҳамаи миллати ин кишвар набуданд, чунин тасвири воҳиде аз миллати Сурия ба даст намеомад.

Вай афзуд, шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ҳимояти густурдае аз террористҳо доранд, онон ҳазорон террорист ба Сурия фиристоданд, лизо агар Аврупо мехоҳад, ки аз худ дар ин марҳала ҳимоят кунад, бояд ба аз ҳимояти террористҳо поён диҳад.

Асад дар бораи ҳамкории амниятии давлати Сурия ва кишварҳои аврупоӣ низ гуфт, пас аз оғози буҳрон дар Сурия ва мавзеъи ҳимояти Фаронса аз террористҳо, Сурия ҳамкории амниятӣ бо ҳамаи кишварҳои аврупоиро мутаваққиф кард, зеро бо вуҷуди душмании сиёсӣ, ҳамкории амниятӣ муҳаққақ намешавад ва бояд тавофуқи сиёсӣ ва амниятӣ анҷом шавад.

Башор Асад хотирнишон кард, ҳар гуна дахолат бидуни иҷозаи давлати Сурия, таҷовуз ба шумор меравад ва ҳар гуна дахолати ҳавоӣ ё ғайр аз он, ғайриқонунӣ аст ва ҳамла ба Сурия аст.

Раисиҷумҳури Сурия дар посух ба ин пурсиш, ки оё муъоризи миёнараве вуҷуд дорад, эълом кард, муъоризи миёнарав вуҷуд надорад ва муъоризони мавҷуд ҳамонанди террористҳо амал мекунанд ва бо кишварҳои хориҷӣ иртибот доранд.

Башор Асад ҳамчунин бо баён ин, ки бештари суриҳо масъалаи федералӣ шуданро намепазиранд, чун ин тарҳ муқаддимае барои таҷзияи Сурия аст, таъкид кард, имрӯз дар Сурия нисбат ба солҳои гузашта умеди бештаре дар бораи поёни ҷанг мушоҳида мешавад.

 

Барчасп