Апрел 07, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Исроил, Арабистон, Англия ва Туркия аз ҳамлаи Амрико ба Сурия

Пас аз ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” дар Ҳимси Сурия ҳомиёни террористҳо, аз ҷумла Англия, Арабистон, Туркия ва Исроил аз ин ҳамла ҳимоят карданд.

Ба гузориши бархе аз манобеи хабарӣ, дар пайи ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот”-и Сурия Арабистони Саудӣ зимни эъломи ҳимояти комил аз ҳамалоти Амрико бо аҳдофи низомӣ дар Сурия ин ҳамалоти мушакиро «тасмими шӯҷоонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба корбурди силоҳи кимиёӣ дар Идлиб» тавсиф кард. Аҳмад Рамазон, раиси бахши расонаии он чӣ Эътилофи миллии мухолифони Сурия хонда мешавад, низ рӯзи ҷумъа гуфт, Эътилофи миллии мухолифони сурӣ аз ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия ҳимоят мекунад ва аз Вашингтон мехоҳад тавонмандии ҳавоии артиши Сурияро аз байн барад. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи дафтари нахуствазири Англия низ гуфт, Ҳукумати Англия муътақид аст, мудохилаи Амрико дар Сурия посухи муносиб ба «ҳамлаи ваҳшиёнаи Ҳукумати Сурия бо силоҳи кимиёӣ» дар Идлиб аст. Малколм Тернбул, нахуствазири Австралия ҳам иддао кард, ҳамлаи Амрико ба Сурия посухи муносибу мутаодил буд. Ҳамчунин Нуъмон Куртулмуш, муовини нахуствазири Туркия ҳамлаи мушакии Амрикоро ба пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия дар Ҳимс иқдоми мусбат хонд.

Ин иддаоҳо дар ҳоле аст, ки Ҳукумати Сурия ҳар гуна ҳамлаи кимиёӣ дар Идлиб, шимолу ғарби ин кишварро рад кардааст.

Ба гуфтаи Талол Барозӣ, раиси вилояти Ҳимси Сурия ҳамлаи ҳавоии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии “Шиарот” ба дархости Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва бо ҳамоҳангии комили Исроил анҷом шудааст. Ӯ гуфт, пойгоҳи ҳавоии “Шаирот” нақши арзандае дар мубориза бо терроризм ва озодсозии Тадмур дошта, аз пойгоҳҳои муҳими артиши Сурия дар ҷанг бо ДИИШ будааст.

 

Барчасп