Раҳгирӣ ва инҳидоми мушакҳои амрикоӣ аз сӯи падофанди Сурия (видео)
Сойтҳои сурӣ бо интишори як видеои кӯтоҳ, лаҳзоти раҳгирии мушакҳои амрикоӣ аз сӯи падофанди ҳавоии Сурияро ба тасвир кашиданд.
Ба гузориши шабакаи ал-Олам, ин видео нишон медиҳад, мушакҳои сомонаи дифои ҳавоии Сурия, шуморе аз мушакҳои амрикоиро, ки ба сӯи пойгоҳи Шайрот шиллик шуда буд, раҳгирӣ ва мунфаҷир мекунанд.
Вазорати дифои Русия эълом карда буд, ки аз 59 мушаки шиллик шудаи Амрика, танҳо 23 адад ба атрофи ҳадаф исобат карда ва мақомоти сурӣ дастури ҷустуҷӯ барои ёфтани маҳалли бархӯрди эҳтимолии бақияи мушакҳо ва хисороти эҳтимолиро содир кардаанд.
Мунтақидони Трамп низ ворид шудани хисорати ночиз ба бонди фурудгоҳи Шайрат ва исобати танҳо 23 адад мушаки гаронқимат ба ҳадафро дастмояи тамасхури ӯ қарор додаанд.
Трамп дар Твиттер дар вокуниш ба интиқодҳои мухолифони ҳамла ба Сурия, навиштааст: «иллати ин ки маъмулан бондҳои фурудгоҳҳо дар ҳамлаҳои низомӣ ҳадаф қарор намегирд, ин аст, ки таъмири онҳо содда ва арзон аст.»
Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, вобаста ба мухолифони давлати ин кишвар эълом кард, ки ҷангандаҳои артиши Сурия як рӯз баъд аз ҳамлаи мушакии Амрикао ба пойгоҳи Шайрат, дубора аз ин пойгоҳ бархоста ва мавозеъи гурӯҳҳои мусаллаҳро ҳадаф қарор додаанд.