Гузорише аз саркӯби муътаризон дар Баҳрайн
(last modified 2017-04-13T09:02:39+00:00 )
Апрел 13, 2017 14:02 Asia/Dushanbe
  • Гузорише аз саркӯби муътаризон дар Баҳрайн

Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн аз боздошти 17 нафар аз муътаризон ба дасти низомиёни режими Оли Халифа тайи ҳафтаи аввали моҳи апрел хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Марказ ҳуқуқи башари Баҳрайн рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише дар бораи ҳамалоти режими Оли Халифа ба муътаризон эълом кард, аз савум то нуҳуми моҳи апрел 37 тазоҳуроти мусолиматомез дар 22 минтақаи мухталифи Баҳрайн баргузор шуд, ки аз ин миён шаш мавриди тазоҳурот ҳадафи юриш ва ҳамлаи низомиёни режими Оли Халифа қарор гирифт ва саркӯб шуд.

Бино бар эъломи ҷомеаи ҳуқуқии Баҳрайн, саркӯби озодиҳои умумӣ, мамониат аз ибрози ақида ва эъмоли фишор ба умуми шаҳрвандони Баҳрайн, ба вижа шиаёни ин кишвар тавассути режими Оли Халифа дар соли 2016 бесобиқа будааст.

Мардуми Баҳрайн соли ҷадидро дар ҳоле оғоз карданд, ки бисёре аз зиндониёни сиёсӣ фақат ба хотири талаби адолат ва ҳуқуқи қонунии худ дар зиндон ба сар мебаранд.

 Дар ҳамин ҳол, созмони ҳуқуқи башари англисии Reprieve эълом кард, Баҳрайн ва Арабистон бадтарин парвандаро дар истифода аз муҷозоти эъдом барои саркӯби мухолифон доранд.

 Баҳрайн ва Арабистон кишварҳое ҳастанд, ки Тереза Мэй, нахуствазири Англия дар ҳафтаҳои ахир бо онон таомул доштааст.

 Баҳрайн аз 14 –уми феврали соли 2011 шоҳиди инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст.

Мардум хоҳони озодӣ, барқарори адолат ва рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани давлати мунтахаб дар ин кишвар ҳастанд.

 

Барчасп