Апрел 15, 2017 20:28 Asia/Dushanbe
  • Идомаи пирӯзиҳои артиши Яман бар муздурони Саудӣ

Артиши Яман ва кумита‎ҳои мардумии Ансоруллоҳ имрӯз шанбе, чанд дастгоҳ худрави низомии Арабистонро дар устони Таъиз-ҷанубу ғарби Яман ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он беш аз 15 нафар аз муздурони Арабистон ба ҳалокат расиданд ва ё захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар ҳамлаи артиши Яман, чандтан аз фармондеҳони аршади Оли Сауд, аз ҷумла Оъид Авос ал Ҳамидӣ ал Сабиҳӣ, Аҳмад Муҳаммад Маллит ал Матруфӣ, Ҳасан Толиб ал Сабиҳӣ ва Юсуф Қавир ба ҳалокат расиданд. Тӯпхонаи неруҳои муштараки яманӣ, ҳамчунин мавозеи низомиёни Арабистонро дар минтақаи ал Соқ  дар Шабуҳ, ҳадаф қарор дод, ки бар асари он шуморе аз муздурони Саудӣ, захмӣ шуданд.

Дар ҳамалоти ахири артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, алайҳи мавозеи низомиён Арабистон дар Наҷрон ва Ҷизон, хисороти ҷонӣ ва молии зиёде бар саудиҳо ворид шудааст.

Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ба Яман ҳамла кардааст, то Мансур Ҳодӣ-раисиҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба ҳукумат бозгардонад.