88 шаҳид ва захмӣ дар инфиҷори террористии имрӯзи Ҳалаб
Апрел 15, 2017 20:49 Asia/Dushanbe
Дар инфиҷори интиҳорӣ наздики автобуси ҳомили аҳолии ду шаҳраки Кафариё ва ал Фуъа, дар маҳаллаи ал Рошидини Ҳалаб, 50 тан шаҳид ва 38 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Аламаёдин, ин инфиҷор нишон дод, гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ҳеҷ тавофуқе пойбанд нестанд.
Интиқоли аҳолии ду шаҳраки дар муҳосираи Кафариё ва ал Фуъаи Сурия ба маҳаллаи ал Рошидини Ҳалаб дар қиболи хурӯҷи теъдоде аз террористҳо аз манотиқи Алмазоё ва Зубдонӣ, дар ҳоле мавриди тавофуқи тарафайни даргир қарор гирифта, ки террористҳо ҳамчунон дар масири ҳаракати автобусҳои аҳолии ин душаҳрак сангандозӣ мекунанд.
Ду шаҳраки Кафариё ва ал Фуъа аз 28 марти 2015 ба муҳосираи комили террористҳо даромаданд.