"Ҷабҳат-ун-нусра" Эрдуғонро табрик кард
Гурӯҳҳои террористии мустақар дар Сурия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркияро бинобар пирӯзӣ дар ҳамапурсии ислоҳи Қонуни Асосӣ табрик гуфтанд.
Ба гузориши телевизиони “ал-Маёдин”-и Лубнон, гурӯҳҳои террористӣ ва мусаллаҳ дар Сурия, аз ҷумла “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҷайш-ул-Ислом” ва “Ҷабҳаи Шом” зимни истиқбол аз афзоиши ихтиёроти Раҷаб Тайиб Эрдуғон бар асоси натиҷаи ҳамапурсӣ аз ӯ хостанд, дахолати Анкараро дар Сурия густариш диҳад. Дар гузориши ин шабакаи телевизионӣ омадааст: “Табрики гурӯҳҳои террористию мусаллаҳ дар Сурия ба Эрдуғон, дар воқеъ, таъкиди онон ба вафодорӣ ба таъминкунандаи молии аслии ин гурӯҳҳо ва нишондиҳандаи амалкарди онон бар асоси хости Анкара ва барномаҳои мавриди назари Туркия аст”.
Бар асоси гузориши шабака телевизионии “ал-Маёдин”, тасаллути Ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия бар қудрат дар ин кишвар ба маънои мутмаин шудани гурӯҳҳои террористию мусаллаҳ дар Сурия аз идома ёфтани кумакрасонии ҳамаҷонибаи Анкара ба онҳо аст.