Апрел 20, 2017 19:24 Asia/Dushanbe
  • Амрико ҳамлаи кимиёии ДИИШ дар ғарби Мусилро таъйид кард

Артиши Амрико таъйид кард, гурӯҳи террористӣ- такфирии ДИИШ аз таслиҳоти кимиёӣ алайҳи неруҳои Ироқ, дар шаҳри Мусил истифода кардааст.

Манобеи амниятии ироқӣ, рӯзи шанбеи гузашта гузориш доданд, террористҳои ДИИШ бо шиллики мушакҳои ҳовии гази хлор ба маҳаллаи Алъабор дар ғарби Мусил, ки ба тозагӣ аз дасти ДИИШ озод шудааст; Мушкилоти танаффусӣ барои дастикам ҳафт тан аз неруҳои ироқӣ ба вуҷуд овардаанд.

Генерал Ҷозеф Мартин, фармондеҳи неруҳои амрикоӣ, бо таъйиди ин ҳамла дар айни ҳол афзуд, ки ин ҳамла талафоте надоштааст.

Фармондеҳи неруҳои амрикоӣ ёдовар шуд, модаи мавриди истифода дар ин ҳамларо барои шиносоӣ ба озмоишгоҳ фиристодаем ва мунтазири натиҷа ҳастем.

Ба гузориши пулиси федерали Ироқ, террористҳои ДИИШ ҳамчунин рӯзи шанбе бо истифода аз таслиҳоти кимиёӣ, манотиқи ал Ируба ва Бобулҷадид дар ғарби Мусилро ҳадаф қарор доданд.

Гурӯҳи террористии мавриди ҳимоияти хориҷ, ки дар июни 2014 контроли шаҳри Мусилро ба даст гирифт, ҳамалоти кимиёии мутааддидеро алайҳи ғайринизомиён ва неруҳои ироқӣ анҷом додааст.