Апрел 21, 2017 18:48 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми низомиёни Покистон ба марзҳои Арабистон

Покистон бо эъзоми панҷ ҳазор нерӯи низомии худ ба Арабистони Саудӣ амалан худро даргири ҷангафрӯзии Оли Сауд дар Яман кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи “ал-Олам”, яке аз масъулони аршади Покистон, ки хост номаш фош нашавад, имрӯз эълом кард, Ҳукумати Покистон бо эъзоми 5 ҳазор низомии худ ба марзҳои Арабистони Саудӣ бо Яман мувофиқат кардааст.

Гуфта мешавад, ҳадафи Исломобод аз эъзоми панҷ ҳазор низомии худ ба Арабистон ҳифозат аз ин кишвар дар баробари ҳамалоти артишу ҳусиҳои Яман аст.

Гуфта мешавад, низомиёни Покистон, ки ба марзҳои Арабистон эъзом мешаванд, ба ҳифозат аз таъсисоти низомӣ дар баробари ҳамалот ё пешравии артиши Яман хоҳанд пардохт. Ин дар ҳоле аст, ки 1200 низомии Покистон дар Арабистон ба нерӯҳои артиши Саудӣ омӯзиш медиҳанд.

 

Барчасп