Апрел 24, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии ДИИШ аз режими саҳюнистӣ ба иллати як иштибоҳ

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ фош кард, террористҳои ДИИШ як бор ба таври иштибоҳ дар Ҷавлон дар ҷануби Сурия низомиёни ин режимро ҳадаф қарор дода ва фавран маъзират хоҳӣ кардаанд.

Моше Яалон, вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ дар гуфту‌гӯ бо шабакаи 10 телевизиони режими саҳюнистӣ изъон кард, аксари шилликҳо ба самти Исроил аз сӯи ДИИШ нест, балки аз самти манотиқи зери сайтараи артиши Сурия рух медиҳад .

Террористҳои ДИИШ пеш аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом карда буданд, бо Исроил ҷанг намекунанд .

Артиши режими саҳюнистӣ ҷумъаи гузашта аз исобати се хумпора аз хоки Сурия ба дохили арозии ишғолӣ, ки аз Ҷавлон шиллик шуда буд, хабар дод, аммо талафоте дар пай надошт .

Ҳамчунин артиши Исроил дирӯз подгон Набъ Алфавори артиши Сурияро дар шимоли ғарби Рифи Қанитра ҳадаф қарор дод, ки дар паи он се сарбози сурӣ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд .

Режими саҳюнистӣ бо шуруи буҳрони Сурия дар марти 2011 ҳамвора аз террористҳо дар ин кишвар ҳимоят кардааст.

Томер Коллер, афсари пизишки лашгари 210 артиши Исроил ахиран эълом кард, аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ки дар даргириҳои Сурия захмӣ мешаванд, аз тариқи баландиҳои Ҷавлон барои дармон ба арозии ишғолии Фаластин мунтақил мешаванд .

 

Барчасп