Шабакаи “Sky News” чаро муҷрии сурии машҳурашро ихроҷ кард?
Шабакаи “Sky News”-и арабӣ, ки мақари он дар Дубай аст ва аз давлати Иморот табаият мекунад, Зинат Ёзаҷӣ- муҷрии сурии худро ихроҷ кард.
Ба гузориши шабакаи ал Олам, Зинат Ёзаҷӣ, ки пештар дар шабакаи “ал Арабия” машғул ба кор буд, дар соли 2011 ва пас аз дифо аз Башор Асад, дар яке аз гуфтугӯҳои телевизионӣ, аз ин шабака ихроҷ шуд.
Ин бор низ ба назар мерасад, ихроҷи Ёзҷӣ бо ҳимояти ӯ аз мардуми Сурия муртабит бошад.
Ӯ ҷадидан дар яке аз барномаҳои “Sky News”-и арабӣ, ранҷҳои паноҳандагони суриро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода буд, ки барои ёфтани маконии амнтар дил ба дарё мезананд, аммо бисёре аз онҳо дар амвоҷи хурӯшон ғарқ мешаванд.
Пас аз ин иқдоми Ёзаҷӣ, мавҷи расонаӣ дар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс алайҳи ӯ шакл гирифт, ки вайро муттаҳам мекард, талош кардааст аз минбари “Sky News” ба нафъи ҳамватанонаш истифода кунад.
Дар пайи ин барнома ва мавҷи расонаӣ пас аз он, шабакаи “Sky News” расман поёни ҳамкории худро бо Ёзҷӣ эълом кард.
Зинат Ёзаҷӣ эълом кардааст, феълан тасмим надорад дар бораи ин мавзу изҳори назар кунад.