Май 03, 2017 16:21 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Яман ба мумиёиҳо ҳам раҳм накард

Ҷанги эътилофи таҳти фармондеҳии Арабистон ба Яман аз се соли пеш токунун ҳатто ба мумиёиҳои музеи бузурги Яман низ раҳм накардааст.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, ҷасади мумиёиҳои музеи осори бостонии Донишгоҳи аслии шаҳри Санъо, пойтахти Яман ба иллати қатъи барқ ва набудии маводи химиявӣ барои муҳофизат аз онҳо, дар ҳоли пусидан аст .

Ин маводи химиявӣ бояд аз хориҷ ворид шавад, аммо вуруди он ба далели ҷангу муҳосира имконпазир нест .

Ин вазъият нишон аз он дорад, ки таҷовузгарӣ алайҳи Яман на фақат ба ҳолу ояндаи ин кишвар зиён расондааст, балки ба торихи гузаштаи ин кишвар низ осеб расондааст .

Умри ин 12 мумиёӣ ба мероси тамаддуне мерасад, ки қабл аз ду ҳазору 500 соли пеш дар Яман шукуфо шуда буд .

Абдурраҳмон Ҷоруллоҳ, раиси бахши осори бостонии донишгоҳ гуфт: “Мо мушкили бузурге дорем. Мумиёиҳо дар ҳоли фосид шудан ва ибтило ба бактерия ҳастанд. Барқ надорем ва дастгоҳҳои вижаи ҳифзи мумиёиҳо аз кор афтодааст”.

Сарзамини Яман хостгоҳи тамаддунҳои куҳани башарӣ ба шумор меравад .