Муфтии Арабистон: Алазҳар ва уламояш гумроҳу хоинанд!
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i16616-Муфтии_Арабистон_Алазҳар_ва_уламояш_гумроҳу_хоинанд!
Муфтии кулли Арабистон, дидори попи Вотикон бо Шайх Алазҳарро маҳкум кард ва онро хилофи шууноти ҷаҳони ислом ва тамаддуни исломӣ донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 03, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Муфтии Саудӣ дидори чанд рӯзи қабли Шайх Алазҳарро бо попи Франсис маҳкум кард.
    Муфтии Саудӣ дидори чанд рӯзи қабли Шайх Алазҳарро бо попи Франсис маҳкум кард.

Муфтии кулли Арабистон, дидори попи Вотикон бо Шайх Алазҳарро маҳкум кард ва онро хилофи шууноти ҷаҳони ислом ва тамаддуни исломӣ донист.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии Алюм Ниюз, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Алшайх бо интиқод аз Аҳмад Тайиб Шайх Алазҳар ба далели дидор бо попи Франсис дар сафари ахири поп ба Миср гуфт: Алазҳар намояндаи исломи воқеӣ нест ва рафтори раҳбарон ва бузургонаш хиёнат ба мусулмонон аст .

Алшайх муддаӣ шуд, ки тарҳи сохти Алазҳар як тарҳи масеҳӣ-яҳудӣ буда, ки ҳадаф аз он тахриби ҳуввияти исломи воқеӣ ва табдили он ба қироатҳои гумроҳу ботил аст .

Вай афзуд: Алазҳар ва мисриҳо дар тӯли торих дар муқобили сахтиҳо ва дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз, шикаст хурдаанд .

Шайх Алазҳар ва попи Франсис рӯзи 28 апрел дар Қоҳира бар зарурати густариши сулҳу ҳамзистӣ миёни пайравони адёни мухталиф ва мубориза бо терроризм таъкид карда буданд .