Май 07, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Номи аҷиби навзоди сурӣ сару садо бапо кард

Номе, ки як завҷи ҷавони аҳли Сурия бар навзоди худ гузоштаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёде барпо кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал Олам, як завҷи ҷавони аҳли минтақаи Бонёси Сурия навзоди худро Владимир Путин номиданд.

Онон гуфтаанд, ин корро барои қадрдонӣ аз кумакҳои раисиҷумҳури Русия ба кишварашон дар роҳи мубориза бо терроризм анҷом додаанд.

Ин иқдоми завҷи сурӣ дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ, мавриди таваҷҷӯҳи бисёр қарор гирифта ва корбарони зиёде ба он вокуниш нишон додаанд.

 

Барчасп