Май 07, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дифои Русия: Ҷибҳа Алнусра оташбасро нақз кард

Вазорати дифои Русия эълом кард, террористҳои Ҷибҳа Алнусра оташбас дар Сурияро нақз кардаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, Вазорати дифои Русия тасреҳ кард, террористҳои Ҷибҳа Алнусра мавозеи артиши Сурияро дар устони Ҳамоҳ, ғарби ин кишвар, гулулаборон карданд. Бар асоси тавофуқномаи Остона, чаҳор минтақаи амн дар манотиқи шимоли ғарби устони Идлиб наздики марзи Туркия, маркази устони Ҳимс дар Сурия, шарқи ҳумаи Димишқ ва минтақаи ҷануби марзҳои Урдун бо Сурия ташкил шудааст .

Хабари дигар инки генерал Валерий Герасимов, раиси Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Ҷозеф Данфорд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи шанбе дар гуфтугӯе телефонӣ, дар бораи эҷоди манотиқи амн дар Сурия бар асоси нишасти Остона табодули назар карданд .

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон аз ҷумла Туркия барои сарнагун кардани давлати қонунии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шудааст .

 

Барчасп