Май 09, 2017 16:34 Asia/Dushanbe

Бинёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ санади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро ба сатили зубола андохт.

Ба гузориши шабакаи “ал-Олам”, дар сафҳаи твиттерии Натанёҳу видеое мунташир шуд, ки нишон медиҳад, Натанёҳу санади  ҷадиди Ҳамосро "лабрез аз нафрат" мехонад, сипас онро ба сатили партов меандозад.

Холид Машъал, раиси собиқи дафтари сиёсии Ҳамос чанд рӯзи пеш санади сиёсии ҷадиди ин ҷунбишро эълом кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, аз фурсате, ки ин санад фароҳам кардааст, истифода кунад.

Ҳамос ҳам дар вокуниш ба андохта шудани санади ҷадиди худ дар сатили зубола иқдоми Натанёҳуро нажодпарастона хонд. Самӣ Абузуҳрӣ, сухангӯи Ҳамос дар сафҳаи твиттерии худ эълом кард, он чӣ Натанёҳу бо санади Ҳамос кард, аз афроди заиф сар мезанад.