Май 13, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Миср аз ибтикори Эрон, Русия ва Туркия барои музокироти Остона

Вазири умури хориҷаи Миср, дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Русия, аз дастовардҳои музокироти сурӣ-сурие, ки ба ибтикори Теҳрон, Маскав ва Анкара токунун чаҳордаври он дар Остона- пойтахти Қазоқистон баргузор шудааст, ҳимоят кард.

Пойгоҳи интернетии вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе эълом кард, Сомеҳ Шукрӣ- вазири умури хориҷаи Миср, дар гуфтгӯи телефонӣ бо Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия, бо мавзуи баррасии авзои Сурия ва тозатарин шароити ин кишвар, ҳимояти Қоҳира аз тадовуми музокироти сурии Остонаро мавриди таъкид қарор дод.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ, масоили мухталиф муртабит бо буҳрони Сурия, аз ҷумла натоиҷи даври ахири музокироти сурӣ-сурӣ дар пойтахти Қазоқистон матраҳ ва мавриди табодули назар қарор гирифт.

Лавров ва Шукрӣ ҳамчунин, барои иқдомҳои муштарак ва ҳамсӯ бо ҳадафи кумак ба пешбурди раванди ҳалу фасли сиёсии муноқишаи Сурия, гуфтугӯ карданд.

Вазирони умури хориҷаи Русия ва Миср дар бораи густариши равобити дуҷониба ба унвони аввлавияти Қоҳира ва Маскав низ музокира карданд.

Дар даври чаҳоруми нишасти сурӣ- сурӣ дар Остона, ки сеюм ва чаҳоруми май баргузор шуд, тафоҳумномаи эҷоди чаҳор минтақаи коҳиши таниш дар Сурия тавассути Эрон, Русия ва Туркия имзо ва иҷрои он ҳам аз шашуми май оғоз шуд.

 

Барчасп