Хоби шахсиятҳои араб ҳангоми суханронии зидди эронии Трамп (тасовир)
(last modified Mon, 22 May 2017 08:40:07 GMT )
Май 22, 2017 13:40 Asia/Dushanbe
  • Хоби шахсиятҳои араб ҳангоми суханронии зидди эронии Трамп (тасовир)

Хоб рафтани сарон ва меҳмонони ҳозир дар нишасти раисиҷумҳури Амрико дар пойтахти Арабистон, ба мавзӯи аслии расонаҳо табдил шуд.

Ба гузориши шабакаи Ал Олам, асри рӯзи якшанбе ҳангоме, ки Доналд Трамп дар нишасти муштараки кишварҳои арабӣ-исломӣ бо ҳарорат алайҳи Эрон сухан мегуфт, бисёре аз ҳозирон аз ҷумла вазири бозаргонии Амрико ба хоби амиқе фурӯрафта буданд.

Трамп дар суханони худ бо такрори иддаоҳои алайҳи Эрон, хостори иттиҳод барои мунзавӣ кардани Ҷумҳурии исломӣ шуд.

Дар сафари раисиҷумҳури Амрико ба Арабистон, қарордодҳое ба маблағ 480 миллиард доллар баста шуд, ки 110 миллиард доллар он марбут ба қарордодҳои таслиҳотӣ аст.

Трамп пештар дар таблиғоти интихоботиаш Арабистонро гови фарбеҳе номида буд, ки Амрико бояд аввал шири онро бидушуд ва сипас минтақаро тарк кунад.

Image Caption
Image Caption
Image Caption