Май 23, 2017 20:22 Asia/Dushanbe

Мардуми Ғазза ҳамзамон бо сафари Доналд Трамп ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин дар эътироз ба изҳороти ӯ, ки муқовимати Фаластин ва Лубнонро террорист хонда буд, роҳпаймоӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, тазоҳуркунандагон таъкид карданд, ҳеҷ як аз тавтеаҳое, ки бо мушорикати кишварҳои арабӣ зидди муқовимати Фаластин сурат мегирад, ба натиҷа нахоҳад расид. Муҳаммад Абуаскар, яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос низ эълом кард, ҳама гузинаҳо барои посухгӯӣ ба муҳосираи вайронгари Ғазза ва тавтеаҳои арабҳо бо ҳимояти Амрико ва Исроил рӯйи миз аст. Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп имрӯз дар Қудси ишғолӣ таъкид кард, ки пайванди Амрико бо Исроил пайванди абадӣ аст.

Раисҷумҳури Амрико ва нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз ҳамчунин бо ширкат дар нишасти хабарии муштарак дар мавзеи Қудси ишғолӣ изҳороти тундеро алайҳи Эрон ба забон оварданд. Натаняҳу дар ин нишасти хабарӣ таъкид кард, Исроил ҳеҷ вақт дӯсти беҳтаре аз Амрико надоштааст. Ӯ муддаӣ шуд, ба хотири таҳдиде, ки аз сӯйи Эрон мутаваҷҷеҳи Исроил ва кишварҳои арабӣ аст ва ҳамчунин барои набарди муштарак бо ҷумҳури исломӣ аъроб ва Исроил метавонанд ба сулҳи пойдор даст ёбанд. Натаняҳу рӯзи гузашта низ дар сафҳаи твиттерии худ бо ишора ба парвози мустақими Трамп аз Риёз ба Телавив иброз умедворӣ карда буд, ки нахуствазири Исроил низ мустақим аз Телавив ба Риёз парвоз кунад.

 

Барчасп