Май 25, 2017 20:57 Asia/Dushanbe
  • Гуруснанишинии ҳунармандони мисрӣ дар ҳимоят аз асирони фаластинӣ

Теъдоди зиёде аз шоирон, нависандагон ва ҳунармандони мисрӣ дар ҳимоят аз гуруснанишинии асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ, эътисоби ғизо карданд.

Ба гузориши хабаргузории фаластини “Вафо”, шоирон, нависандагон ва ҳунармандони мисрӣ рӯзи панҷшанбе эълом карданд, бо ҳадафи кумак ба асирони фаластинӣ барои даст ёфтани онон ба ҳуқуқи машрӯашон бар асоси қавонини байналмилалӣ, ин эътисоби ғизоро оғоз кардаанд.

Ҳудуди ҳазору 700 асири фаластинӣ аз 17-уми апрел, дар эътироз ба поймол шудани ҳуқуқи аввалияи худ дар зиндонҳои режми Исроил ва ҷиноятҳои ин режим, эътисоби ғизо кардаанд.

Ҳудуди шаш ҳазору 500 фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил асиранд, ки бештари онҳо бидуни муҳокима ва эъломи иттиҳом ба зиндон афтодаанд.

 

Барчасп