Май 26, 2017 16:12 Asia/Dushanbe

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон нишасти Риёзро бузургтарин боҷгирии Амрико аз Арабистон хонд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба муносибати 25-май, ҳабдаҳумин солгарди озодсозии ҷануби Лубнон бо ишора ба шикастҳои Арабистон дар Сурия, Ироқ ва Яман гуфт: Амрико наметавонд мушкилоти Арабистонро ҳал кунад. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, барои Трамп фақат пул ва Исроил муҳим аст ва ягона роҳҳалли Арабистон гуфтугӯ бо Эрон аст. Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин ҳамла ба хонаи Шайх Исо Қосим, рӯҳонии барҷастаи баҳрайниро натиҷаи нишасти Риёз дониста, аз Ҳукумати Лубнон хост, тарҳи табъиди Шайхи Исо Қосимро ба Лубнон напазирад.

Ҷашни ҳабдаҳумин солгарди озодсозии ҷануби Лубнон рӯзи 25 май дар шаҳри Ҳирмил, воқеъ дар марзи шимолии Лубнон бо Сурия ва бо шиори «Муқовамати имрӯз қудратмандтар аз ҳар замони дигар аст», баргузор шуд.

 

Барчасп