Охирин таҳаввулоти майдонии Ироқ: Алқаҳтония озод шуд
(last modified Sun, 28 May 2017 14:44:47 GMT )
Май 28, 2017 19:44 Asia/Dushanbe

Шаҳри Алқаҳтония дар минтақаи Синҷар дар устони Найнавои Ироқ ба дасти нерӯҳои мардумии Ироқ озод шуд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, нерӯҳои мардумии Ироқ рӯзи якшанбе тавонистанд шаҳри Алқаҳтонияи Синҷарро аз ишғоли террористҳои ДИИШ озод кунанд .

Амалиёти озодсозии Алқаҳтония субҳи рӯзи якшанбе оғоз шуда буд .

Шаҳри Алқаҳтонияи Синҷар, охирин нуқтаи марзии Ироқ бо Сурия аст .