Абуазроил ба марзи Сурия расид (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i17992-Абуазроил_ба_марзи_Сурия_расид_(видео)
Пойгоҳҳои хабарии вобаста ба басиҷи мардумии Ироқ видеое аз Абуазроил, яке аз фармондеҳони ин нерӯҳо ва аз саршиностарин чеҳраҳо дар мубориза бо ДИИШ мунташир карданд, ки ӯро дар марзҳои Сурия бо Ироқ нишон медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2017 12:37 Asia/Dushanbe

Пойгоҳҳои хабарии вобаста ба басиҷи мардумии Ироқ видеое аз Абуазроил, яке аз фармондеҳони ин нерӯҳо ва аз саршиностарин чеҳраҳо дар мубориза бо ДИИШ мунташир карданд, ки ӯро дар марзҳои Сурия бо Ироқ нишон медиҳад.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, дар ин видео Абуазроил дар канори шуморе аз ҳамроҳонаш ба кӯҳҳои Синҷор ишора мекунад ва минтақаи Аданонияро нишон медиҳад, ки ба тозагӣ аз чанги ДИИШ озод шуд.

Номи аслии Абуазроил Айюб Фолеҳ ар-Рабеӣ аст. Ӯ дар замони Саддом боздошт ва ба эъдом маҳкум шуда буд, аммо пеш аз эъдом муваффақ ба фирор шуд ва ба ҳамин сабаб мардум ӯро Абуазроил мехонанд. Абуазроил қаблан устоди варзиши яке аз донишгоҳҳои Ироқ буд, аммо бо оғози буҳрони ДИИШ ва пас аз фатвои марҷаият кори худро раҳо карда, ба нерӯҳои басиҷи мардумӣ пайваст.